Иқдоми мақомоти Тоҷикистон барои коҳиши қарзи молии марокизи санъатӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати молия ва дигар ниҳодҳои иқтисодии ин кишвар дастур дод ки барои коҳиши қарзи моли марокизи санъатӣ чораандешӣ кунанд.
Бино ба хабаргузории Осиё плюс, дар феҳрасти қарздортарин ширкатҳо ва корхонаҳои давлатии Тоҷикистон, ширкати давлатии барқи тоҷик, корхонаи олуминиум, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ширкати ҳавопаймои "Тоҷик- Эйр" ширкати роҳи оҳани ин кишвар қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки мизони қарзи ин ширкатҳо ва корхонаҳо соли гузашта 64 миллиард ва 600 миллион сомонӣ ( муодили 6 миллиард ва 60 миллион доллар) будааст.
Ширкати давлатии барқи тоҷик дар оғози соли 2020 бо 26 миллиард сомонӣ ( муодили 2 миллиард ва 600 миллион доллар) қарздортарин ширкати давлати Тоҷикистон аст.
Ин ширкат фақат ба ду ниругоҳи барқии оби “Сангтуда 1 ва 2” ҳудуди 5 миллиард сомонӣ ( муодили 500 миллион доллар) қарздор аст.