Даҳ сол зиндон барои ҷаъл кунандаи корти шиносоии полис дар Тоҷикстон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51508-Даҳ_сол_зиндон_барои_ҷаъл_кунандаи_корти_шиносоии_полис_дар_Тоҷикстон
Як муҷрим ба иттиҳоми ҷаъли унвони полис ва таҳдид дар Тоҷикистон ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 05, 2020 12:43 Asia/Dushanbe
  • Даҳ сол зиндон барои ҷаъл кунандаи корти  шиносоии  полис дар Тоҷикстон

Як муҷрим ба иттиҳоми ҷаъли унвони полис ва таҳдид дар Тоҷикистон ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.

Бино ба гузориши сайти   Фарғона ва хадамоти  матбуоти додситони  кулли Тоҷикистон,додгоҳе дар шаҳри Ҳисор , воқеъ дар 30 километрии Душанбе , Фирдавс Саидзодаро ба иттиҳоми аххозӣ аз заноне, ки вай худро ба унвони полис ба инҳо муаррифи карда буд ба 10 сол зиндон маҳкум кард.

 Хадамоти матбуоти додситони  кулли  Тоҷикистон эълом кард ,дар сентябр2019 , Саидзода бо хонум Абдуллоева дар меҳмонхонае мулоқот кард, вай дар ин мулоқот бо нишон додан корти  шиносоии ҷаълӣ худро маъмури  полис муаррифӣ ва таҳдид кард, ки агар у 2000 сомони (муодил 200 доллар) -роба вай пардохт накунад Абдуллоевароба далели  фасоди  ахлоқиӣ боздошт хоҳад карду ба хонаводаи  ӯ ҳам иттилоъ хоҳад дод.

  Абдуллоева бо тарс аз таҳдидҳо , 800 сомони (муодили 80 доллар) ба Саидзода пардохт мекунад ва ӯ ҳам қавл медиҳад, ки ҳеҷ коре алайҳи ӯ анҷом надиҳад.

Хадамоти  матбуоти додситони кулли  Тоҷикистон гузориш дод, ки Саидзода чанд рӯз баъд аз сокини дигаре аз Ҳисор аххози мекунад ва бо таҳдидҳои мушобеҳ , ҳазор сомони (муодил 100 доллар) аз нафар дувум пул дарёфт мекунад ки ин мард ҳангоми  интиқол ин пул боздошт шуд.