Март 06, 2020 21:36 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик хостори сармоягузории бештари Фаронса дар иқтисоди Тоҷикистон шуд

Муовини нахуствазири Тоҷикистон дар дидори мушовири ҷижаи раисҷумҳури Фаронса, хостори ҳамкории бештар миёни Тоҷикистон ва Фаронса шуд.

Азим Иброҳим зарфияти ду кишвари Фаронса ва Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бештар аз шароити феълӣ арзёбӣ карда гуфт, Фаронса имкони сармоягузории бештар дар иқтисоди Тоҷикистонро дорад.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон бо намояндаи хоси вазири Аврупо ва мушовири вижаи раисҷумҳури Фаронса дар умури иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Поскал Лоро ва сафири ин кишвар дар Тоҷикистон - хонум Ясмин Гуедар дар Душанбе дидор кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот муовини нахуствазири Тоҷикистон бо мушовири раисҷумҳури Фаронса, ба таваҷҷуҳи тарафи фаронсавӣ ба ҷалби сармояи он кишвар ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла тавсеаи соҳаи гардишгарӣ таъкид шуд.

Дар ин дидор бо таваҷҷуҳ ба кӯҳистонӣ будани 93 дарсади қаламрави Тоҷикистон, ҷонибҳо имкони фаъолияти ширкати фаронсавии “Claster mountain”-ро, ки таҷрибаи азими ташкили зерсохторӣ дар шароити кӯҳистониро дорад, муофиқи мақсад донистанд.   

Ҷониби Фаронса низ хостори таваҷҷуҳи бештар дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи ширкатҳои фаъол дар бахши гардишгарӣ миёни ду кишвар шуд.

Азим Иброҳим изҳор дошт, ки феълан даҳҳо ширкати фаронсавӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва сатҳи имрӯзаи ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисоди Тоҷикистон камтар аз зарфиятҳои мавҷуд аст ва ду тараф фурсатҳои бештаре ҷиҳати густариши ҳамкориҳо доранд.

Поскал Лоро аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол ёдовар шуда, устувории қонунҳои амалкунанда ва қавонини молиётиро омили таъминкунандаи суботи фазои сармоягузорӣ унвон кард, ки метавонад заминаи хуберо барои ҷалби бештари сармоягузорон фароҳам кунад.