Март 06, 2020 22:17 Asia/Dushanbe
  • Вазорати иқтисод: қиматҳо пойдор ва бозорҳо фаровонист

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм ва сабзиҷоти кофӣ ва дар бархе маврид бештар аз тақозо дар анборҳои давлатӣ захира шудаанд.

Ба гузориши “Спутник”, Вазорати иқтисод ва тиҷорат бо пахши як муроҷиатнома аз мардуми Тоҷикистон хост, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатҷӯ дар бораи кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия бовар накунанд ва харидҳояшонро бо назардошти ниёзҳои худ анҷом диҳанд.

Зуҳриддин Кенҷаев, сардори Сарраёсати сиёсати тиҷорӣ ва бозори истеъмолии Вазорати тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, маводи ғизоие, ки дар кишвар истеҳсол ва аз хориҷ ворид мешавад, ниёзи беш аз 9 миллион ҷамъияти кишварро барои ду сол бароварда мекунанд.

Вай афзуд: Мо асосан маводи ғизоӣ, бахусус орду гандумро тибқи шартнома аз Қазоқистону Русия ворид мекунем. Аз сӯи дигар, агар дар он кишварҳо ҳам шуюъи вирус иттифоқ афтад, он ба маҳсулот, бахусус маводи ғизоӣ таъсире нахоҳад дошт, чун вирус дар ҷисми зинда пайдо мешавад ва дар ҷисми беҷон умри кӯтоҳ дорад, яъне моле, ки ворид мешавад, ҳеҷ гоҳ манбаи сироят буда наметавонад.

Тибқи иттилои Вазорати тавсеаи иқтисод ва тиҷорат, соли 2019 дар Тоҷикистон 1,4 миллион тон ғалла, аз ҷумла 836,2 ҳазор тон гандум истеҳсол шуда, 1,1 миллион тонни дигар ворид шудааст. Орд ҳудудан 1,5 миллион тон истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2018, 132 ҳазор тон бештар аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 март мардуми Тоҷикистон аз бими эҳтимолии сирояти коронавирус ба кишвар, ба мағозаву бозорҳо ҳамла ва маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла гандумро барои чанд моҳ захира карданд, ки дар натиҷа қимати баъзе маҳсулот боло рафт. Аммо масъулон мегуянд, ки захираи орд ва дигар маҳсулот зиёд аст ва бозор фаровонист.