Истиқболи тамошогарон аз ҷашни муд ва тарроҳии либоси тарроҳи тоҷик
(last modified Sat, 07 Mar 2020 06:26:05 GMT )
Март 07, 2020 11:26 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи  тамошогарон аз ҷашни муд ва тарроҳии либоси тарроҳи тоҷик

Ҳудуди ҳазор тамошогар аз ҷашни муд ва тарроҳии либоси тарроҳи тоҷик истиқбол карданд.

Бино ба хабаргузории Осиё плюс, Хуршед Сатторов  дар ин ҷашн 500 даст либоси  тарроҳӣ шудаи худро ба тамошгарон нишон дод.

 Дар миёни  тамошогарон коршиносони  муд аз Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар, мутахассисон ва тарроҳони либос ва даъватшудагони махсус ҳузур доштанд.

 Хуршед  Сатторов гуфт: ин ҷашн бо намоиши  либосҳои бостонӣ бо буриши  густурда, ки бештар дар манотиқи  ҷануби  Тоҷикистон истифода мешавад ағоз шуд.

Ӯ афзуд: сад даст  либос низ ба сабки либосҳои кӯтоҳ бо рӯпӯшҳои баланд сардухта шуда  бо тазъиноти  рангоранг ва равшан тазъин шудааст.

  Хуршед Саттороф гуфт:  печидагӣ ва ҳамоҳангӣ бо тазъиноти  бостонӣ аз манотиқи  мухталифи кишвар , ба унвони як рӯймол дар ин либосҳо ба кор гирифта шудааст.

Ин тарроҳи  либос афзуд: дусад  даст либос барои арӯс ва домод ҳам дар ин ҷашн намоиш дода шуд ва ин либосҳои арӯсӣ бо улгуҳои зариф рӯйи порчаи  сафед тазйин шудааст

Либоси  мардҳо  ҳам бо гӯлдузии  шалвор ва кутҳои содда ва муҷаззо , ки ба сабки  миллӣ  низ тазъин шуда буданд , нишон дода шуд.