Март 07, 2020 17:12 Asia/Dushanbe
  • Расидани се боксиёри тоҷик ба марҳилаи чаҳор як ниҳоии интихобии Олемпики 2020

Се боксиёр аз Тоҷикистон ба марҳилаи чаҳор як ниҳоии интихобии Олемпики 2020 расиданд.

Ба нақл аз Спутник,Кумитаи миллии олемпики Тоҷикистон гуфт, се боксиёри Тоҷикистон ба марҳилаи чаҳор як ниҳоии мусобиқоти муқаддамотии олемпики 2020 расиданд.

Давлат Болтаев, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев худро дар мусобиқоти шоишста нишон доданд.

Усмонов тавонист Шоҳӣ Салниём боксиёри непалиро шикаст диҳад ва Неъматуллоев низ дар як дуэл бо Файзуллоҳ Аюбӣ, варзишкори афғонистонӣ шикаст хурд.

Дар вазни 91 килограм, Давлат Болтаев, боксиёри муғулӣ Сандагурсенро шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Дар 8 март ҳам Болтаев бо Василӣ Левит аз Қазоқистон дидор хоҳад кард.

Сиёвуш Зуҳуров ва Нилуфар Бобоерова ва Сиёвуш Зуҳуров мутаассифона аз ҳарифони худ шикаст хурданд.