Эмомалӣ Раҳмон: мардум овозаҳои фазои маҷозиро бовар накунанд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардум хост овозаҳои фазои маҷозиро дар бораи коронавирус бовар накунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи ҷаҳонии зан дар Кохи Борбад, бо ишора ба шуюи коронавирус дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон гуфт, мардуми Тоҷикистон набояд нигарони ин вазъият бошанд ва овозаҳоро бовар кунанд, балки бояд иттилооти дақиқро аз шабакаҳои расмии радио ва телевизиони кишвар дарёфт кунанд.
Вай бо ишора ба овозаҳое дар бораи камбуди орд дар Тоҷикистон низ афзуд, дар шароите сахттар аз ин мардуми Тоҷикистон ҳеҷгоҳ гурусна намонданд ва мо мардумро дар ин рӯзҳо низ гурусна нахоҳем гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии занро ба ҳамаи модарони тоҷик табрик гуфт ва барои онон дар тарбияти фарзандоне шоиста орзӯи муваффақият кард.