Роҳи Рукнобод то зодгоҳи устод Рӯдакӣ таъмир мешавад
Дар чорчуби ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, раиси шаҳри Панҷакент аз тармим ва бозсозии роҳи Рукнобод то Панҷрӯд зодгоҳи устод Рӯдакӣ падари шеъри форсӣ то моҳи сентябр хабар дод.
Ба нақл аз Тajikistantimes, Ислом Зиёзода гуфтааст, зодгоҳи устод Рӯдакӣ минтақаи вижаи гардишгарӣ аст ва ашхоси зиёде барои дидан ва зиёрати мақбараи ин шоир ба деҳаи Панҷрӯд меоянд ва ин дар ҳолест, ки вазъияти ҷоддаи ин минтақа матлуб нест.
Вай афзуд, гардишгарони хориҷӣ пас аз зиёрати мақбараи Рӯдакӣ ба минтақаи Ҳафткӯл ва Кӯли калон низ сафар кунанд ва аз навсозии ин масир низ зарурӣ аст.
Вазорати нақлиёт аз авохири моҳи марти имсол, таъмири ин роҳро оғоз мекунад.
Гуфта мешавад, ки роҳи Рукнобод то зодгоҳи устод Рӯдакӣ аз соли 1990 таъмир нашудааст.
Бар асоси барномаи ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷашни 5500 солгаии Саразми бостонӣ, ки шаҳре бозмонда аз даврони Ҳахоманишӣ аст, 700 нафар меҳмонон аз хориҷи кишвар ба унвони донишманд ва пажуҳишгар даъват шудаанд.