Дастури давлати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ барои ҷазби бештари сармоягузорони хориҷӣ
Давлати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатӣ барои сармоягузориҳо дастур дод, мизони сармоягузории мустақими хориҷӣ дар ин кишварро афзоиш диҳад.
Ба гузориши Азия Плюс, дар қарори ҳукумати Тоҷикистон омадааст: “Дар ҳамдастӣ бо Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус, зиёд намудани сармояи мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд андешида шавад”
Бар асоси оморҳои расмӣ, дар соли 2019 мизони сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 607 миллион доллар буда, ки аз ин мизон 346 миллион доллар сармоягузории мустақим ва 261 миллион доллар сармоягузории ғайри мустақим будааст.
67дарсади сармоягузориҳои мустақим дар Тоҷикистон бештар дар ҳавзаи маъдан будааст.
Ҳамчунин ба саноати коркард, соҳаҳои нақлиёту алоқа, сохтмон, бахши сайёҳӣ, фаъолияти молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои тиҷоратӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ сурат гирифт.
76% сармяогузориҳои мустақим дар соли гузашта аз Чин ҷалб шуданд, ки ҳаҷми умумии онҳо 262,3 млн долларро ташкил дод. Ин маблағҳо ба рушди бахшҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷ, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, нақлиёт ва алоқа равона шуданд.