Март 12, 2020 17:08 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии ширкати фароварӣ ва бастабандии асал дар минтақаи иқтисодии Суғд

Сармоягузорони конодоӣ як ширкати фароварӣ ва бастабандии асалро дар минтақаи иқтисодии Суғд, роҳандозӣ мекунанд.

Ба гузориши Авесто, пешбинӣ мешавад, ду ширкати тавлидии ҷадид низ то поёни сол дар минтақаи иқтисодии Суғд роҳандозӣ шавад.

Ҳамчунин коргоҳҳои фароварӣ ва бастабандии асал ва тавлиди лавозими палостикӣ барои дару тиреза бо сармоягузории 500 ҳазор доллар ҳам ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Як ширкати муштараки Тоҷикистон ва туркӣ низ бо мизони сармоягузории мушобеҳ, лавозими палостикӣ дару тирезаро бо зарфияти тавлиди солона 1200 тонн тавлид мекунад.

Ширкати дохилии «Донаи Алмос» ҳам қасд дорад коргоҳи бастабандии меваҳои хушкшуда дар минтақаи вижаи иқтисодиро роҳандозӣ кунад, ҳадафи ин ширкат содирот ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия, Афғонистон, Туркия, Ҳинд ва Иморот аст.