Ақиб андохтани мусобиқоти Тоҷикистон дар интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022
Март 14, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
Мусобиқоти Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 ба далели шуюи коронавирус бекор лағв шуд.
Ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқоти март ва июни муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022 ба таъхир афтод.
Ин тасмим аз сӯи ФИФА гирифта шудааст, ба ҳамин далел се мусобиқаи Тими миллии Тоҷикистон бо Муғулистон, Жопон ва Мянмар ба замони дигаре афтод.
Мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022-и футбол метавонад бо тавофуқи мутақобили тарафайн ва бо афзоиши иқдомоти амниятӣ, беҳдоштӣ ва таъиди ФИФА ва АFС баргузор шавад.