Март 17, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Бекор нашудани транзити қатораҳои Тоҷикистон тариқи Узбакистон

Транзити қатораҳои Тоҷикистон тариқи Узбакистон боздошта нашудааст.

Ба нақл аз Азия-Плюс, ширкати давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон эълом кард: Равуои мусофирон ва боркашонии транзитӣ бо роҳи оҳан тариқи қаламрави Узбакистон айни замон бо реҷаи маъмулӣ ҷараён дорад.

Дар корхона қайд карданд, ки вобаста ба масъалаи маҳдуд сохтани транзити борҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Узбакистон то ҳол аз роҳиоҳанчиёни

узбак ягон огоҳиномае нагирифтаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, барои гузаштани қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон тариқи қаламрави Узбакистон низ ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Мусофиркашонӣ аз Тоҷикистон ба Маскав тавассути қаламрави Узбакистон  дар як ҳафта 4 маротиба сурат мепазирад: 2 маротиба аз Душанбе ва 1-борӣ аз Хуҷанду Кӯлоб ба самти Маскав мусофир мебарад. Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан аз Русия ва Қазоқистон бору маҳсулоти муҳим (маводи сӯзишворӣ, орду гандум ва ғайра) меорад.

Дар робита ба ошкор шудани ҳодисаҳои сироятёбӣ дар Узбакистон  , ҳукумати ин кишвар аз 16-уми март сарҳадҳояшро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, бо Тоҷикистон баст.