Октябр 02, 2016 10:50 Asia/Dushanbe
  • Соли 2017,

Кумитаи давлатии умури ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон қасд дорад, ки соли ояндаи 2017-ро, "Соли рушди гардишгарии пойдор" дар ин кишвар эълом кунад.

Ба гузориши сойти Тоҷнюз, Ризо Назарзода-муовини раиси Кумитаи давлатии умури ҷавонон, варзиш ва гардишгарии Тоҷикистон, ҳадаф аз ин иқдомро фароҳам намудани заминаҳои ҷазби гардишгарони бештари хорҷӣ ба ин кишвар унвон кардааст.

Ба гуфтаи масъулини ин кумита, тайи дусоли ахир раванди вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз рушуди қобили мулоҳизае бархӯрдор будааст, ки натиҷаи фаъолияти таблиғотӣ дар заминаи муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии ин кишвар дар хориҷ мебошад.

Бар асоси ин гузориш, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, 210 ҳазор гардишгари хорҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки заминаи ворез шудани 82 миллион долларро ба иқтисоди ин кишвар фароҳам кардааст. Дар ҳоле, ки дар муддати мушобеҳи соли қабл, 147 ҳазор гардишгари хорҷӣ барои ошноӣ бо ҷозбаҳои дидании Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карда буданд.

Коршиносон муътақиданд, ки Тоҷикистон ба далели кӯҳистонӣ будан, барои ҷазби гардишгари хорҷӣ аз зарфиятҳои зиёде бархӯрдор мебошад. Аммо мушкили аслӣ дар ин замина камбуди зерсохтҳо ва имконоти тафреҳӣ, меҳмонхонаҳои муҷаҳҳаз, набуди парвозҳои мустақим бо кишварҳои аврупоӣ ва роҳҳои ноободи дохилӣ ба ҳисоб меояд.