Март 18, 2020 22:29 Asia/Dushanbe
  •  Оғози сохти нахустин филми коргардони тоҷик

Сохти нахустин филми коргардони тоҷик оғоз шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, сохти нахустин филми коргардони тоҷик Носир Саидов бо номи “Ҷода” оғоз шуд.

Ин филм дар бораи фарозу нишеби сарнавишт ва зиндагии занон дар Тоҷикистон аст.

Ӯ мегӯяд, дар ин филм сарнавишти 3 зани тоҷик ба тасвир кашида мешавад, ки аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе сафар мекунанд ва дар ин сафар барои инҳо иттифоқоте рух медиҳад.

Носир Саидов яке аз маъдуд коргардонони тоҷик аст, ки филмҳояш баррасии рӯйдодҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои кишвар аст.

Ӯ солҳо бо коргардонони тоҷики муқими Русия Бахтиёр Худойназаров ва Валерий Аҳадов ҳамкорӣ кард.

Ҳамчунин дар соли 2009 ӯ аввалин филми баланди синамоии худро ба номи “Зӯҳри ҳақиқӣ” бо бозии Юрий Назаров, бозигари русӣ сохт.