Даъвати нахуствазири собиқи Малайзия барои ширкат дар конфронси оби Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51933-Даъвати_нахуствазири_собиқи_Малайзия_барои_ширкат_дар_конфронси_оби_Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон нахуствазири собиқи Малайзияро ба конфронси об дар Душанбе даъват кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 18, 2020 23:06 Asia/Dushanbe
  •  Даъвати нахуствазири собиқи Малайзия барои ширкат дар конфронси оби Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон нахуствазири собиқи Малайзияро ба конфронси об дар Душанбе даъват кард.

Ба гузориши “Авесто”, Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия, дар Куала-Лумпур бо нахуствазири пешин Маҳатир Муҳаммад дидор кард.

Дар ин ҷаласа тарафайн дар мавриди тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Малайзия дар бахшҳои гардишгарӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ гуфтугӯ карданд.

Дар поёни ин нишаст сафири Тоҷикистон даъватномае ба Маҳатир Муҳаммад барои ширкат дар дувумин конфронси даҳаи байналмилалии иқдоми "Об барои тавсеаи пойдор 2018-2028" таҳвил дод.

Ин ҳамоиш 18 июн дар Душанбе баргузор мешавад.