Март 19, 2020 22:18 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон хостори тавсиаи улуми дақиқ шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо зиёиён, бо интиқод аз вазъи илми феълӣ дар кишвар, хостори беҳбуди вазъият дар ин замина шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор, ки дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт: Бидуни илм, фанноварии иттилоот ва иртибот, пешрафт имконпазир нест.

Вай афзуд: Яке аз ҳадафҳои калони масъулони кишвар, фароҳам кардани бистарҳо ва зерсохтҳо барои саноатӣ шудани кишвар аст. Бинобар ин, бояд таваҷҷӯҳи вижае ба улуми дақиқ дошта бошем.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт: Барои ин манзур, мо қасд дорем истифода аз фанновариҳои навинро дар ҳамаи заминаҳои иқтисодии миллӣ густариш диҳем ва шароити матлуберо барои тавсиаи улуми поя эҷод кунем.

Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон кард: Ҷавонон таваҷҷӯҳи каме ба мутолиаи улуми дақиқ, табиӣ ва риёзӣ доранд, зеро таҳияи чунин осори илмӣ ниёз ба кори ҷиддӣ ва муназзам, таҳқиқоти илмӣ ва ҳамчунин озмоишҳои дақиқ дорад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт: Ба ҳамин далел, муҳаққиқони ҷавони мо аз мутолиаи улуми поя худдорӣ мекунанд. Дар натиҷа, дар солҳои ахир мо кашфи илмие надоштем, ки битавонад ҷоизаҳои байналмилалиро касб кунад.

Ӯ ҳамчунин дар идома таҷдиди назар дар системаи таъмини мабоҳиси илмӣ, ҷудо намудани буҷа барои ҳалли масоили муҳим дар ҳавзаи иҷтимоӣ ва иқтисодиро аз роҳкорҳои тавсиаи улуми дақиқ донист.

 

Барчасп