Март 21, 2020 15:30 Asia/Dushanbe
  • Карантини мусофироне, ки аз кишварҳои арабӣ ва Туркия ба Тоҷикистон сафар карданд

Мусофироне, ки аз Туркия ва Иморот ба Тоҷикистон сафар карданд, карантин шуданд.

Ба нақл аз Спутник, шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки аз Туркия ва Иморот ба кишвари худ бозгаштанд, барои муоинаи пизишкӣ дар бемористонҳои минтақаи Суғд бистарӣ шуданд.

Сервиси матбуотии Вазорати умури дохилаи ин кишвар гуфт: Ҳуввияти шаҳрвандони вурудӣ ба Тоҷикистон, бо ҳамкории Вазорати беҳдошт ва рифоҳи иҷтимоӣ шиносоӣ шудааст.

Ин 16 мусофир 14 ва 15-уми март бо ду парвози Истанбул - Тошканд вориди Тоҷикистон шуданд.

Ҳамчунин мусофири парвози Шарҷа-Тошканд,ки аз тариқи марз вориди хоки Тоҷикистон шуда буд низ ба бахши карантин эъзом шуд.