Март 21, 2020 16:06 Asia/Dushanbe
  • Поёни сохти 4 мадраса дар Тоҷикистон

Кори сохти 4 мадраса дар Тоҷикистон ба поён расид.

Ба нақл аз Спутник, ин 4 мадраса дар манотиқи Хатлон ва Суғд сохта шудааст.

Ҳар кадом аз ин марказҳои омӯзишӣ зарфияти 520 донишомӯз дорад.

Илова бар ин, дар январ ва феврали соли 2020, се маркази дармонӣ низ дар ин манотиқ сохта шуд.

Кадри дармонии ин марказҳо дар ҳар навбат метавонанд ба 50 бемор хадамоти дармонӣ диҳанд. Дар ду моҳи нахусти имсол, дар Тоҷикистон тарҳҳои умронӣ дар бахшҳои мухталиф бо ҳазинаи ҳудуди 101 милион доллар сохта шудааст, ки ин маблағ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 28 миллион доллар афзоиш дорад.