Баргузории ҷашни Наврӯз дар Хатлон бо ҳузури нахуствазири Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51964-Баргузории_ҷашни_Наврӯз_дар_Хатлон_бо_ҳузури_нахуствазири_Тоҷикистон
Ҷашни Наврӯз бо ҳузури нахуствазири Тоҷикистон дар Хатлон баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 21, 2020 17:51 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни Наврӯз дар Хатлон бо ҳузури нахуствазири Тоҷикистон

Ҷашни Наврӯз бо ҳузури нахуствазири Тоҷикистон дар Хатлон баргузор шуд.

Ба нақл аз Спутник, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Қурбон Хокзода, раиси вилояти Хатлон, аз меҳмонони ин ҷашни наврӯзӣ буданд. Қоҳир Расулзода дар ин ҷашн гуфт:

Маросимҳои миллӣ, монанди Наврӯз, сада, меҳргон, ки аз қарнҳои гузашта ва аз ниёгон ба мо расидааст, сарвати фарҳангии мо маҳсуб мкешавад ва бояд онҳоро ҳифз кунем ва гиромӣ бидорем.

Дар маҷмӯъ, беш аз 6000 нафар дар ин ҷашн ширкат карданд.