Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар амал ба тавсияи пизишкон барои муқобила бо коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51987-Таъкиди_Эмомалӣ_Раҳмон_бар_амал_ба_тавсияи_пизишкон_барои_муқобила_бо_коронавирус
Раисҷумҳури Тоҷикистон бар амал ба тавсияи мутахассисон барои муқобила бо коронавирус таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 23, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар амал ба тавсияи пизишкон барои муқобила бо коронавирус

Раисҷумҳури Тоҷикистон бар амал ба тавсияи мутахассисон барои муқобила бо коронавирус таъкид кард.

Ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни наврӯзии Хӯҷанд бо ишора ба вазъияти хурӯҷи ҷаҳонии бемории коронавирус, аз мардуми Тоҷикистон хост нигарон набошанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба таърихи Наврӯз афзуд: Обод кардан ва зебосозии муҳити зист ва покиза кардани хонаву кошона ва риояти усул ва қавоиди беҳдоштӣ, аз гузашта аз беҳтарин хислатҳои мардуми тоҷик будааст.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Ин ки имрӯз дар Тоҷикистон дар сулҳу суботи комил ҷашни Наврӯзро баргузор мекунем, ҷои шукр дорад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Бо ифтихор ва шодмонӣ эълом мекунем, ки Наврӯз дар даврони истиқлол паёмовари шодиву хуррамӣ ва саодат ва фардои дурахшони кишвари мост.