Ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гиромидошти Наврӯз дар Хуҷанд
(last modified Wed, 25 Mar 2020 05:34:49 GMT )
Март 25, 2020 10:34 Asia/Dushanbe
  • Ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гиромидошти Наврӯз дар Хуҷанд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гиромидошти Наврӯз дар Хуҷанд ширкат кард.

Ба нақл аз Спутник, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳамроҳи Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд  дар ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд ҳузур дошт.  

Дар ин маросим, ки дар варзишгоҳи  Хуҷанд баргузор шуд ҳудуди 10 ҳазор нафар ширкат карданд.  

Иҷрои кансерт ва ҳамхонӣ аз барномаҳои ин ҷашн буд ва афроди маҳаллӣ ҳам ғурфаҳо (утоқакҳо)-и намоишгоҳи худро бо либосҳои маҳаллӣ тазъин ва ороиш карда буданд.

Ҳаракат ва намоиши лухтакҳои маликаи Наврӯз ба унвони намоди оғози баҳор дар либосе ғайри маъмул бо баландии 5 метр аз дигар барномаҳои ҷашн буд. 

Дар тӯли навохта шудани музик, саноатгарон дар атрофи варзишгоҳ сохтаҳои худро ба тамошогарон нишон доданд ва  нонбоҳои суғдӣ низ ба ин муносибат нонҳои маҳаллӣ пухтанд. 

Дар поёни ҷашнвора, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи ҳунармандоне, ки ин ҷашнро баргузор карданд ташаккур кард.