Октябр 02, 2016 14:49 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби барномаи роҳбурдии тавсеаи Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон лоиҳаи роҳбурдии миллии тавсеаи ин ҷумҳуриро тасвиб кард.

Ба гузориши ИРНА, дар ин барномаи роҳбурдӣ, ки тибқи он то соли 2030 ин кишвар бояд ба қутби саноатӣ - кишоварзӣ табдил шавад, « дастрасӣ ба зиндагии шоиста барои мардум» дар 15 соли оянда, пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2009 низ барномаи тавсеаи роҳбурдиашро тасвиб карда буд, ки то соли 2015 таҳия шуд ва се ҳадафи роҳбурдӣ, шомили «раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ», «таъмини амнияти ғизоӣ» ва «истиқлоли энергӣ»-ро дар бар мегирифт.

Бар асоси ин гузориш, маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.