Март 27, 2020 18:50 Asia/Dushanbe
  • Дуркории Созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон дар пайи нигарони аз шуюи Корона

Шуюи ҷаҳонии Корона шеваи фаолияти намояндагиҳои Созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Тоҷикистон таъсир гузошта аст.

Ба нақл аз Фарғона, кормандони теъдоде аз сафоратхонаҳо ва дафтарҳои намояндагии Созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон ба далели таҳдиди вуруди вируси Корона ба ин кишвар, аз кормандони худ хостанд бе ҳузур дар маҳали кор, дур кори кунанд.

Бархе дигар аз Созмонҳо низ қасд доранд баъд аз таътилоти наврӯз ин корро анҷом диҳанд.

Дилбар Рӯзадорова ҳамоҳангкунандаи робитаҳои умумии сафорати Амрико дар Душанбе гуфт ; намояндагиҳои дипламатии Иёлоти Муттаҳида ва Олмон ба таври мувақат пазириши шаҳрвандон ва пазириши дархости визаро мутавақиф кардаанд ва пас аз таътилот ҳам ба дуокори хоҳанд рафт.

Дафтари Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар Душанбе  ҳам бештар коркунони худро аз 25 март ба ҳолати кор дар хона мунтақил кардааст ва фақат теъдоди каме аз афрод дар худи дафтар кор мекунанд.

Шеваи коридафтари намояндагии Созмони амрикоии ИНТЕР НЮЗИ Тоҷикистон  низ кабл аз таътилот ба ҳолати аз роҳи дур тағйир ёфта буд.

Абдулмалик Қодиров раиси дафтари иннамояндагӣ гуфтааст ,ки ин вазъият то 15 апрел идома дорад ва дар сурати лузум тамдид мешавад.

Тасмими Созмонҳои байналмиллалии  мустақар дар Тоҷикистон бинобар дуркории кормандонашон дар ҳоле гирифта, шуда ки ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон шануз ҳеҷ маврид аз мубтало ба бемории Корона дар ин кишвар сабт нашудааст. 

                                                                                                                                                             

Барчасп