Март 27, 2020 20:14 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 50 дар садии содироти барқи Тоҷикистон

Созмони давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши 50 дар сади содироти барқи ин кишвар дар моҳҳои январ ва феврали гузашта ба далили сардии ҳаво ва уфти барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Созмони давлатӣ омори Тоҷикстон, дар ин мудат Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя 3 миллион  ва 700 ҳазор киловват соат барқ содир кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 50 дар сад коҳиш нишон медиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳҳои январ ва феврал соли 2019 аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳафт миллион ва 800 ҳазор киловват соат барқ содир шуда буд.

Ба гуфтаи мақомоти ширкати давлатии Барқи тоҷик дар соли 2019 содирот беш аз 3 миллиард  ва 500 миллион киловват соат барқ ба се кишвари Афғонистон, Убакистон ва Қирғизистон наздик ба 90 миллион доллар барои Тоҷикистон арзоварӣ доштааст.

Қимати ҳар киловват соат барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонисӣон дар соли 2019  2 сент таин шуда буд.

Аммо то ба ҳол дар бораи қимати барқи содироти Тоҷикистон ба Узбакистон дар соли 2020 тавофуқ нашудааст ва тарафҳо ба эҳтимоли зиёд авохири моҳи апрел дар нишасти камисиюни муштарак ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар Душанбе дар ин замина музокира хоҳанд кард.

Барчасп