Март 27, 2020 20:44 Asia/Dushanbe
  • Рустами Эмомалӣ узви маҷлиси миллии Тоҷикистон шуд

Маҷлиси намоянагони шаҳри Душанбе ва навоҳии ҷаҳоргонаи пойтахти Тоҷикистон имрӯз Рустами Эмомалӣ писари бузурги раиси ҷумҳурии Тоҷикстон ва шаҳдори Душанберо ба узви маҷлиси миллии "сано" - и ин кишвар интихоб карданд.

Ба гузориши радиои ттоҷикии Сдои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин нишаст ҳамчунин номзадии се мард ва як зан нафар аз навоҳии ҷаҳоргонаи шаҳр Душанбе барои узвият дар маҷлиси мллии Тоҷикистон бо райгирии ғайри алани тасвиб шуд, ки ду тан аз онон руасои донишгоҳ, як нафар мудири гуруҳи ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи миллӣ ва як нафар низ мудири идораи омӯзиш ва парвариши ноҳияи Исмоили Сомонӣ аст.

Рустам Эмомалӣ, ки моҳи апрел соли 2017 ба унвони шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон фаолият мекунад, акнун бо бознишастагӣ Муҳаммад Саид Абдуллоев раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон, ҷойгузинии вай дар ин ниҳоди қонунгузорӣ хоҳад шуд.

Бар мабнои банди 71 қонуни асосии Тоҷикистон дар сурати истиъфо, бе кифоятӣ ё фавти раиси ҷумҳурии ин кишвар, раисии маҷлиси миллӣ то замони баргузории интихоботи ҷадид кафили вай хоҳад шуд.

Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 узв дорад, ки як севвум аз аъзои он аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ мансуб мешаванд.

 

Барчасп