Апрел 02, 2020 12:33 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳи Маскав

Ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳи Маскав ихроҷ шуданд

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс, Галя Ибрагимова рӯзноманигор дар ин маврид дар саҳифаи Фейсбук навишт, то дирӯз ҳудуди 300 шаҳрванд аз Осиёи миёна дар фурудгоҳи байналмиллалии Домодедовои Маскав ҳузур доштанд, ки 200 нафар аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Галя Ибрагимова идома дод: Форуқ, муҳоҷири тоҷик бо у тамос гирифт ва гуфт, ки "пулис ҳамаи шаҳрвандони тоҷикро якҷо ҷамъ кард ва онҳоро аз фурудгоҳ ихроҷ кард.

Форуқ гуфт, ҳаво сард аст ва мардум дар ҳоли ҳозир дар хиёбон ҳастанд ва намедонем чи бояд кунем.

Галя Ибрагимова афзуд: Оё ин дар ҳақиқат  ҳамон фазои воҳиди Авроосиёӣ, ки мо дар ҳоли сохтани он ҳастем?

Оё арзишҳои муштарак, идеалҳо, ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони коргарӣ вуҷуд дорад?