Апрел 02, 2020 18:40 Asia/Dushanbe
  • Азми Тоҷикистон барои тавлиди 21 миллиард киловатт/соат барқ дар соли 2020

Тоҷикистон қасд дорад имсол мизони тавлиди барқ дар кишварро аз тариқи афзоиши зарфиятҳои тавлидии нирӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳароратӣ афзоиш диҳад.

Ба гузориши Форс, дар соли 2019 дар ин кишвар беш аз 20.6 миллиард киловатт/соат барқ тавлид шуда, ки дар муқоиса бо соли 2018, 4.7 дарсад бештар аст.

19.1 миллиард киловатт/соат барқ аз ин ҳаҷм ба нирӯгоҳҳои барқи обӣ ва 1.5 миллиард мобақӣ ба нирӯгоҳҳои ҳароратии ин кишвар муртабит аст.

Тоҷикистон дар соли 2019 аз тариқи фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон беш аз 91.3 миллион доллар даромад касб кардааст.

Бинобар гузориши ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон, Душанбе қасд дорад дар соли 2020 аз тариқи афзоиши зарфиятҳои тавлиди нирӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳароратӣ ҳаҷми тавлиди барқ дар ин кишварро то 21 миллиард киловатт/соат барқ афзоиш диҳад. бинобар барномарезиҳои тарафи тоҷикӣ, беш аз 3 миллиард киловатт/соат барқ аз ин ҳаҷм ба кишварҳои ҳамсоя содир хоҳад шуд.

Тайи ду моҳи аввали соли ҷории милодӣ дар ин кишвар беш аз 3.9 миллиард киловатт/соат барқ тавлид шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 3.6 дарсад бештар аст.

Ҳудуди 3.3 миллиард киловатт/соат барқ аз ин ҳаҷми марбут ба нирӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар аст.