32 нафар аз фарзандони мақомоти минтақаи Бадахшон довталаби ҳузур дар хидмати сарбозӣ
(last modified Fri, 03 Apr 2020 16:25:06 GMT )
Апрел 03, 2020 21:25 Asia/Dushanbe
  • 32 нафар аз фарзандони мақомоти минтақаи Бадахшон довталаби ҳузур дар хидмати сарбозӣ

Ба гузориши “Азия плюс”, дар миёни довталабоне, ки дар даъвати феълӣ барои хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат карданд, 32 нафар аз фарзандони кормандони мақомоти маҳаллии минтақаи Бадахшон ҳастанд.

Довталабон дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъ шуданд то битавонанд ба артиш бипайванданд.

Ёдгор Файзов, раиси вилоят низ дар ин маросим гуфт, дар солҳои ахир Бадахшон яке аз аввалинҳо дар кишвар аст, ки тарҳи даъвати хидмати сарбозиро иҷро кардааст.

Файзов гуфт, имсол дар ин минтақа ҳам барои аввалин бор тарҳи даъвати баҳории сарбозӣ иҷро шуд.