Кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо Корона вирус
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52316-Кумаки_молии_Бонки_ҷаҳонӣ_ба_Тоҷикистон_барои_муқобила_бо_Корона_вирус
Шурои мудирони Бонки ҷаҳонӣ барои муқобила бо шуюи вируси Корона дар Тоҷикистон 11 миллиону 300 ҳазор доллар кумаки ройгон ихтисос хоҳад дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 04, 2020 11:05 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо Корона вирус

Шурои мудирони Бонки ҷаҳонӣ барои муқобила бо шуюи вируси Корона дар Тоҷикистон 11 миллиону 300 ҳазор доллар кумаки ройгон ихтисос хоҳад дод.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо эълони ин хабар таъкид кардааст,ки ин маблағ барои хариди бастаҳои ташхиси вируси Корона,либосҳои бемористонӣ, васоили мавриди ниёзи пизишкон ва омӯзиши кадри дармонии ин кишвар ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамчунин хариди 100 тахт ва таҷҳизи бемористонҳои Тоҷикистон бо ин васоил барои дармони афроди мубтало ба вируси Корона дар назар мебошад.

Ин дар ҳоле аст,ки мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд то санаи 3 апрели соли ҷорӣ дар ин кишвар ҳеҷ мавриде аз вируси Корона сабт нашудааст ва 3 ҳазору 319 нафар дар карантина ҳастанд.