Апрел 05, 2020 11:07 Asia/Dushanbe
  • Такмили неругоҳи Роғун ба кумакҳои хориҷӣ ниёз дорад

Раиси пешини ширкати давлатии Барқи тоҷик ва мушовири феълии сохти неругоҳи обӣ барқии Роғун муътақид аст, ки Тоҷикистон бидуни кумаки молии хориҷӣ қодир ба такмили ин тарҳи муҳими энержӣ нахоҳад буд.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Баҳром Сироҷов гуфтааст, ки дар шароити феълӣ барои баҳрабардорӣ аз чаҳор чархаи боқимондаи ин неругоҳ ниёз ба ҷазби сармояи хориҷӣ вуҷуд дорад ва мақомоти Тоҷикистон ба дунболи пайдо кардани ин манобеи молӣ ҳастанд.

Вай ёдовар шуд, ки ду чархаи нахусти ин неругоҳро корхонаҳои кишвари Украина тавлид ва ба Тоҷикистон ирсол карданд ва акнун мақомоти давлати Киев хостори воризи пешпардохт барои интиқоли чаҳор чархаи боқимонда ҳастанд.

Баҳром Сироҷов афзуд: Аз сӯи дигар бархе аз ширкатҳои олмонӣ ва австрияӣ аз омодагии худ барои таъмини 400 миллион евра ба манзури такмили сохти неругоҳи обӣ барқии Роғун хабар додаанд, ки бояд бо ин кишварҳо созишномаи ҳамкорӣ имзо шавад.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи обӣ барқии минтақааст.

Чархаи нахусти неругоҳи обӣ барқии  Роғун 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид ва чархаи дуввуми он ҳам дар солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон 9 сентябри соли 2019 тавлиди барқро оғоз кард.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш чархаи неругоҳи обӣ барқии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегават барқ дар сол, на танҳо мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистон аз байн меравад, балки ин кишвар тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Мақомоти Тоҷикистон пешбинӣ карданд, ки такмили сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.