Апрел 06, 2020 09:17 Asia/Dushanbe
  • Ниқобҳои пизишкии оройишдодашудаи роягон, ҳадияи тарроҳи мудди тоҷик

Тарроҳи муди тоҷик ниқобҳои пизишкии оройишдодашудаи роягон ҳадия медиҳад.

Ба нақл аз яке аз сомонаҳои хабарии Осиёи Миёна, Хуршед Сатторов гуфт, ниқобҳое бо тазъинот ва улгӯҳои миллӣ дар хонаи муд роягон ба ҳар муштарӣ дода мешавад.

Ӯ афзуд: Ин ниқобҳо дар вақтҳои холигӣ аз боқимондаи либосҳо духта шуда ва тавлиди онҳо ҳеҷ ҳазинае надоштааст.

Тарроҳи мудди тоҷик гуфт: Ниқобҳо бо порчаҳои суннатии Тоҷикистон ва бо гулдӯзиҳои миллӣ ва улгӯҳои маҳаллӣ оро дода шудааст.

Хуршед Сатторов афзуд: Ман фикр мекунам зебоӣ дунёро наҷот хоҳад дод.