Музокироти Тоҷикистон ва Украина барои хариди 4 турбини нерӯгоҳи Роғун
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз оғози музокирот бо Украина барои харидани чаҳор турбин барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабар дод
Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, ду турбини нахусти ин нерӯгоҳро корхонаҳои кишвари Украина тавлид ва ба Тоҷикистон ирсол карданд ва акнун мақомоти давлати Киев хостори воризи маблағи пешпардохт барои интиқоли чаҳор турбини боқимонда ҳастанд.
Ҳамакнун наҳваи пардохти маблағи турбинҳо, роҳи интиқоли ин чор турбин ва насби ин таҷҳизот дар нерӯгоҳи Роғун дар музокирот миёни мақомоти Тоҷикистон ва Украина дар ҳоли баррасӣ аст.
Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки қасд доранд дар солҳои 2025 ва 2026 чаҳор турбини боқимондаи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба баҳрабардорӣ расонанд.
Турбини нахусти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид ва турбини дуввуми он ҳам дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон 9 сентябри соли 2019 тавлиди барқро оғоз кард.
Гуфта мешвад барои идомаи кори сохтусоз дар ин нерӯгоҳ имсол аз ҳисоби бюджети ҳукумати Тоҷикистон 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (муодили 205 миллион доллар) ихтисос меёбад.
Дар сурати баҳрабардорӣ аз 6 турбини нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳар як бо зарфияти 600 мегабайт барқ дар сол, на танҳо мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистон аз байн меравад, балки ин кишвар тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.
Мақомоти Тоҷикистон пешбинӣ карданд, ки такмили сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.