Ширкати раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳашари тозакунии муҳити атроф
Раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар тарҳи беҳсозӣ ва муҳавватасозӣ ширкат кард.
Ёдгор Файзов, дар ҳашари тозакунии муҳити атроф, ё шанбегӣ ба кӯчаҳои марказии шаҳри Хоруғ баромада, дар баробари мардуми оддӣ ба шинонидани ниҳол ва тоза кардани ҷӯйбору кӯчаҳои Хорӯғ машғул шудааст.
Ба гузориши Спутник, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон зимни тамҷид аз ин иқдом ӯро раиси “мардум”-ӣ номиданд, бархе дигар аз корбарон гуфтанд, дар Тоҷикистон, мақомоти раддаҳои мухталиф ағлаб аз чунин равишҳое барои маъруф шудани худ истифода мекунанд, аммо мухолифони онҳо мӯътақиданд, ки мардуми маҳаллӣ ба Ёдгор Файзов эҳтиром мегузоранд ва ӯ ниёзе ба таблиғот надорад.
Бино ба иттилоъи Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати ВМКБ, дар ҳашари оммавӣ, ки ба хотири поксозии муҳити атроф сурат гирифтааст ба ҳисоби Файзов дигар аъзои ҳукумати вилоят ҳам иштирок доштаанд.
Ниятбеков гуфт, "Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо тозаву озода намудани гирду атрофи идораву муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ шурӯъ намуданд. Дар баробари дигар кормандони муассисаҳои давлатӣ кормандони Дастгоҳи раиси ВМКБ низ бо иштироки бевоситаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Хоруғ ҳашар гузаронида дар маркази шаҳр ниҳолҳои ороишӣ шинониданд".
Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ гуфт, ин имкон пазир аст, ки дигар мудирон монанди Ёдгор Файзов бошанд.
Ӯ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо шахсан дар муҳавватасозӣ ва корҳои умронӣ мушорикат доштааст, аммо ҳеҷ як аз раҳбарони маҳаллӣ аз ин амр пайравӣ накарданд.