Боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз чанд минтақаи гардишгарӣ дар шаҳри Душанбе
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз чанд минтақаи гардишгарӣ дар шаҳри Душанбе боздид кард.
Ба гузориши Азия Плюс, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ин боздид раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекард. Онҳо аз бӯстонҳои Аҳмади Дониш, Куруши Кабир ва Наврӯзгоҳ боздид карданд. Дар ин боздид раисиҷумҳури Тоҷикистон аз наздик бо беҳсозии поркҳои фарҳангӣ ва тафреҳии шаҳри Душанбе ошно шуд.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз ошноӣ бо вазъияти парвариш ва муроқибат аз гул ва дарахтон дар поркҳои пойтахт, ба раиси шӯрои шаҳри Душанбе ва мудирони дастур дод то барои назофат ва зебосозии маконҳои тафреҳӣ талоши бештаре кунанд.
Дар Боғи Ирам раиси давлат ба унвони як ширкаткунандаи мустақим дар барномаи "ҷашнвораи лола”, ки аз сӯи кормандони бахши тафреҳӣ ва саргармии телевизиони Тоҷикистон забт шуда буд, ҳузур дошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин гуфтугӯ ба ҷавонон дастур дод, то илм ва забонҳои гуногунро биёмӯзанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, тамоми талоши давлат барои эҷоди зиндагии муносиб барои шаҳрвандон аст.