Оғози бардошти пиёз аз минтақаи Хатлон
(last modified Tue, 07 Apr 2020 04:34:24 GMT )
Апрел 07, 2020 09:34 Asia/Dushanbe
  • Оғози бардошти пиёз аз минтақаи Хатлон

Бардошти пиёз аз заминҳои минтақаи Хатлон оғоз шуд.

Ба нақл Авесто, дар бахшҳое аз минтақаи Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон бардошти пиёз оғоз шуд.

Сокинони шаҳрҳои бузург умедворанд, ки бо бардошти пиёз, нархи ин маҳсул тасбит шавад.

Дар ҳоли ҳозир, маҳсули пиёзи ин минтақа ба шаҳрҳои Бохтар ва Кулоб ирсол мешавад.

Ҳам акнун нархи ҳар килограм пиёз дар Тоҷикистон 2 сомонӣ ва 8 дирам аст.

Нархи ҳар килограм картошка ҳам аз 4 сомонӣ ва 50 дирам то 5 сомонӣ дар навасон аст, ҳар килограм сабзӣ 1 сомонӣ, карам 3 сомонӣ ва себ аз 9 то 15 сомонӣ аст.