Апрел 08, 2020 20:47 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 3 милиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ барои муқобила бо корона ба Тоҷикистон

Вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз ҷамъияти осебпазири Тоҷикистон 3 миллион доллар ба ин кишвар ихтисос дод.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон афзуд, бахше аз ин маблағ ба унвони кумакҳои давлат ба ақшори осебпазири ҷомеа пардохт мешавад.

Ин мавзуъ пас аз ҷаласаи маҷлис дар 8 апрел аз сӯи мақомоти Вазорати тандурустӣ эълом шуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд то кумакҳои дарёфтшударо ба сурати шаффоф барои кумак ба афроди камбизоати ҷомеа ҳазина кунад.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки ин кумакҳо аз чӣ тариқ ба ақшори ниёзманди ҷомеа пардохт мешавад.

Вазири тандурустӣ гуфт, касоне, ки дар фармондориҳо ва ниҳодҳои имдодии  Тоҷикистон ба унвони афроди бебизоат шинохта шуданд, метавонанд аз ин кумакҳо баҳраманд шаванд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳам гуфт, ин як кумаки якдафъина хоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта ҳайати мудираи Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки кумаки 11 миллиондоллариро барои иҷрои барномаи вокуниши изтирории корона дар Тоҷикистон таъмин мекунад.

 Файзиддин Қаҳҳорзода замони ироаи пешнависи тавофуқнома дар маҷлиси Тоҷикистон хотирнишон кард, буҷаи ихтисосёфта барои хариди таҷҳизот, доруҳо, бастаҳои озмоишгоҳӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, либоси кор, таҳияи 100 тахти хоби изофӣ ва соири лавозими асосӣ барои муқобила бо шуюъи корона ҳазина мешавад.

Иёлоти Муттаҳида низ 866,000 доллар ба Тоҷикистон барои муқобилаи ин кишвар бо бемории корона ихтисос дод.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 7 апрел гуфт, ин буҷа барои омӯзиши персонали пизишкӣ ва хариди таҷҳизоти лозим дар бемористонҳо ихтисос дода шудааст.

То ба имрӯз Тоҷикистон дар мубориза бо корона аз кишварҳои Олмон 1 миллион евро ва Бонки Тавсеаи Осиё 100 ҳазор доллар дарёфт карда ва Русия низ ҳудуди 20 ҳазор системаи озмоиши корона ба ин кишвар таҳвил додааст.