Апрел 11, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи бемористонҳои Тоҷикистон ба 3150 тахти ҷадид

Мақомоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон қасд доранд бемористонҳои кишварро ба 3150 тахти бемористонии дигарро барои муолиҷаи беморони эҳтимолии коронавирус таҷҳиз кунанд.

Ба нақл аз Спутник ва Дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мақомоти ин вазоратхона ҷаласаеро Дафтари марказии Вазорати тандурустӣ, дармон ва ҳифзи иҷтимоӣ бо мавзӯи пешгирӣ аз корона дар кишвар баргузор карданд.

Вазорати тандурустӣ гузориш медиҳад: Дар ин ҷаласа ширкаткунандагон дар мавриди бистарӣ ва муолиҷаи афроде, ки ба ин беморӣ мубтало шуданд ва ҳамчунин тақвияти контрол дар посгоҳҳои марзӣ, таҳияи либосҳои муҳофиз махсуси пизишкон ва иҷрои корҳои пешгирӣ дар байни мардум суҳбат карданд. Ҳамакнун бемористони Истиқлол барои пазириши беморони машкук ба ибтило ба корона ихтисос дода шудааст.

Тамоми бахшҳои ин муассиса ба ҷуз озмоишгоҳ , дар сурати шуюи корона дар Тоҷикистон, дар ҳоли омодасозӣ барои карантини шаҳрвандон аст.

То имрӯз ин бемористон теъдоде таҷҳизоти пизишкӣ аз ҷумла ниқоби тиббӣ, либос , хлор, дасткаш ва маводди зидди вирусӣ таҳия кардааст.

Ҳамчунин дар сурати лузум Маркази миллии пизишкии Шифобахш ва бемористони бемориҳои уфунии болинии Душанбе низ беморонро пазириш мекунанд.