Фавти яке аз ашхоси карантиншуда дар бемористони Ҷаббор Расулови Тоҷикистон
(last modified Sat, 11 Apr 2020 14:58:12 GMT )
Апрел 11, 2020 19:58 Asia/Dushanbe
  • Фавти яке аз ашхоси карантиншуда дар бемористони Ҷаббор Расулови Тоҷикистон

Яке аз ашхоси карантиншуда дар бемористони Ҷаббор Расулови Тоҷикистон фавт кард.

Ба нақл аз яке сомонаҳои Осиёи Миёна, Ҳоҷимуҳаммад Тошев дар карантин дар шимоли Тоҷикистон фавт кард. Дар шаби 11 апрел "сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Тошев Ҳоҷимуҳаммад, ки  аз авохири март дар карантин буд фавтид.

10 апрел вазъияти вай бадтар шуд ва бемор ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст карда буданд.

Ҳоҷимуҳаммад Тошев, мудири кабинети методии Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба қавли пайвандонаш, бо Абдуҷалил Шодиев, мудири Шуъбаи маорифи ноҳия ҳамкор буда, ба тахмини пайвандонаш, ӯ бо Абдуҷалил Шодиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 28-уми март вохӯрии кӯтоҳ доштааст. Абдуҷалил Шодиев бародари Ҳабибуллоҳ Шодиев аст, ки рӯзи 1 апрел дар бемористони ноҳияи Расулов фавтид.

Хешовандони ин шахс 11 апрел гузориш доданд, ки ӯ субҳи зуди шанбе ба хок супорида шуд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар баёнияи расмии худ даргузашти Ҳоҷимуҳаммад Тошев дар бемористонро таъид кард.

Дар ин гузориш омадааст, ки ва дар  Беморхонаи минтақавии «Ўзбекқишлоқ» қарор дошт, бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, Фишорбаландии дараҷаи 2 , хатари 4 даргузашт.

Вазорати тандурустӣ бори дигар таъкид мекунад, ки ҳеҷ мавриди таъйидшудае дар мавриди бемории корона дар кишвар вуҷуд надорад ва ҳеҷ далеле барои нигаронии умумӣ вуҷуд надорад.

Умедҷон Бойбалаев, сардухтури беморхонаи ҷамоати Сомониён дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки Ҳоҷӣ Тошев дар онҷо бистарӣ буд, гуфт: Вай ду рӯз дар хонааш таб карда, бо хӯрдани дору ҳарорати баданаш паст шудааст. Масъулини беморхонаи ҷамоати Сомониён гуфтанд, Ҳоҷӣ Тошевро рӯзи 30-юми март ба беморхона оварданд ва ахиран ӯро ба дастгоҳи нафаскашӣ пайваст карда буданд.

Ӯ гуфт: Бемор дорои мушкилоти танаффусӣ буд, ва натиҷаҳои озмоишоти аввалия хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмания)-ро мушаххас кард.  

Ҳудуди 700 нафар аз афроде, ки аз Узбакистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон бозгаштанд дар минтақаи Ҷаббор Расулов карантин шуданд, пизишкон мегӯянд: Озмоишҳои аввалия нишон дод, ки ҳеҷ кадом аз онҳо ба бемории корона мубтало нестанд.