Апрел 12, 2020 11:43 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши низомии  Пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон

Размоиши низомии Пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба нақл аз Спутник, маҳалли баргузории ин размоиши низомӣ дар доманаи кӯҳпояҳои Помир буд.

Дафтари матбуотии минтақаи низомии марказии Федератсия Русия гуфт: Низомиёни пойгоҳи низомии Русия ба аҳдофи худ ва нобуд кардани тасҳилоти душмани фарзӣ даст ёфтанд.

Барои тасхири сангарҳои душмани фарзӣ низомиёни Пойгоҳи 201 бо эҷоди камин ва минагузории ҷода тавонистанд асли ғофилгирии душманро низ таҷриба кунанд.

Дафтари матбуотии размоиши низомӣ гуфт: Артиш дар ин машқҳои низомӣ аз аслиҳаҳои сабук истифода кард.

Дар ин давра аз машқҳо  аз чархболҳои Мi-8 низ истфода шуд.