Июл 23, 2016 10:07 Asia/Dushanbe
  • Тааҷҷуби сардабири нашрияи русӣ аз мутаваққиф шудани интишори рӯзномааш дар Тоҷикистон

Сардабири нашрияи русии "Комсомолская правда" аз мутаваққиф шудани интишори ин нашрия дар Тоҷикистон ибрози тааҷҷуб кард.

Ба гузориши РИА "Новости", Владимир Сунгоркин, сардабири нашрияи русии "Комсомолская правда" гуфтааст, аз ин ки тарафи тоҷик мақолаи хабарнигори ин нашрияро дар бораи Тоҷикиситон тавҳиномез хонда, интишори нашрияро мутаваққиф кардааст, шигифтзада шуда, мавзеъгирии тарафи тоҷикро дар бораи мақола муболиғаомез медонад.

Шарифи Ҳамдампур, яке аз фаъолони расонаӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 2006 инҷониб бар асоси қарордод нашрияи русии "Комсомолская правада"-ро дар Тоҷикистон мунташир мекард, рӯзи панҷшанбе аз мутаваққиф шудани чопи ин рӯзнома ба далели "тавҳин ба миллати тоҷик ва пешвои он" хабар дода гуфт, аз интишори ин матлаби тавҳиномез дар нашрияи русӣ бисёр нороҳат аст. Ӯ гуфт, нависандаи ин рӯзномаи русӣ дар бозгашт аз Тоҷикистон дар мақолае ба номи "Тоҷикистон: Аз фаромӯшии даврони шӯравӣ то ояндаи дурахшон" аз ин кишвар ба унвони кишвари Ҷамшудҳо ва Равшанҳо ёд кардааст, дар ҳоле ки дар дохили Русия ин номҳо барои тавҳин ба намояндагони Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Сардабири "Комсомолская правда" аз узрхоҳӣ ва бардоштани мақола аз сомонаи интернетии рӯзнома худдорӣ карда гуфтааст, аз назари ӯ, матлаби мунташиршуда ба ҳеҷ ваҷҳ тавҳиномез нест.