Апрел 12, 2020 14:43 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳоти донишманди тоҷик дар бораи таъсири задани ваксинаи сил дар бемории корона

Донишманди тоҷик дар мавриди асароти ваксинаи сил ва мргу мири бемории корона суҳбат кард.

Доктор Саидбек Сатторов- раиси гурӯҳи микробиология, имонология ва вирусшиносии Донишгоҳи пизишкии давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино гуфт: Шавоҳиде мабнӣ бар ин ки задани ваксинаи BCG (ваксинаи алайҳи сил) инсонро дар баробари бемории корона муҳофизат мекунад , пояи илмии воқеӣ надорад.

Ба гуфтаи Саидбек Сатторов бемории корона наметавонад тӯлонӣ дар муҳити бо дамои 25 то 30 дараҷаи сантиград зинда бимонад, зеро ин вирус аз протеин ва равған ташкил шуда ва дар ҳавои озод ба суръат мемирад. Вероника Скортасева, раиси Ожонси биопизишкии Русия ва вазири пешини беҳдошти ин кишвар низ эътироф кард, ки ваксинаи алайҳи сил (BCG) дар буруз ва марги бархоста аз бемории корона таъсир мегузорд.