Апрел 13, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани як донишҷӯи тоҷик ба интиқоли коронавирус дар Русия

Раёсати Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии худмухтори Мардавӣ дар Русия як донишҷӯи тоҷикро ба интиқоли коронавирус ва поймолсозии карантин муттаҳам кардааст.

Ба нақл аз сомонаи русии Столитса, раёсати ин донишгоҳ эълом кардааст, ки 15 донишҷӯи хориҷии ин донишгоҳ бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шудаанд, ки мубтало шуданашон тасдиқ шудааст.

Ба гуфтаи Сергей Вдавин, раиси Донишгоҳи давлатии Мардавӣ омили интиқоли коронавирус як донишҷӯи тоҷики риштаси пизишкӣ будааст, ки бо поймолсозии қонуни мамнӯияти хуруҷ аз хобгоҳ ба Маскав сафар кардааст. 

Гуфта мешавад,  ки ин донишҷӯи тоҷик дар Маскав ба коронавирус олуда шуда ва муҷиби интиқоли ин беморӣ ба 15 донишҷӯи хориҷӣ шудааст.

Акнун ин донишҷӯён бистарӣ ва дар донишгоҳ карантин шудааст. 

Раёсати Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии худмухтори Мардавӣ таъкид кардааст, ки мавзӯи ихроҷи ин донишҷӯи тоҷикро ба иллати интиқоли коронавирус дар ин маркази омӯзишӣ дар дасти баррасӣ дорад. 

Барчасп