Апрел 14, 2020 08:48 Asia/Dushanbe
  • Вохӯрии сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири фарҳанги ин кишвар

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни 2 кишварро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар дидори Муҳаммадтақӣ Собирӣ ва хонум Зулфия Давлатзода дар шаҳри Душанбе, тарафайн масоили марбут ба тақвияти иртибототи фарҳангӣ миёни 2 кишварро баррасӣ карданд.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон мансуб шудани Давлатзодаро ба симати вазири фарҳанги Тоҷикистон ба вай табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, ки равобити фарҳангии ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.

Инчунин тарафайн бо ишора ба забону вафрҳанги муштараки ду кишвар изҳор доштанд, ки дар оянда фурсати ҳамкорӣ дар заминаи театр, синамо ва табодули таҷриба миён аҳли фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дойир нмудани намоишгоҳҳои фарҳангии ду кишвар, бузургдошти чеҳраҳои саршиноси адабӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон аз дигар мавзӯоти муҳим дар дидори Собирӣ ва Давлатзода буд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин дидор ҳамчунин дар бораи интишори китобҳо, табодули таҷрибаҳои фарҳангӣ ва барномаи ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар соли 2020 баҳс ва табодули назар карданд.