Апрел 14, 2020 09:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи 197 миллион долларӣ барои бозсозии неругоҳи обӣ барқии Қайроқум

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд : Барои бозсозии неругоҳи обӣ барқии Қайроқум 197 миллион доллар ҳазина мешавад.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, марҳилаи дуввуми бозсозии таҷҳизоти неругоҳ оғоз шуда ва манобеи молии мавриди ниёзро Бонки рушд ва бозсозии Аврупо таъмин мекунад.   

197 миллион доллар барои таъвизи шаш чархай неругоҳи оби барқии садди Қайроқум , ки 63 сол пеш барои таъмини барқи сокинони вилояти Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи заминҳои кишоварзии Узбакистон ва Қазоқистон дар фаслҳои баҳору тобистон бар рӯи рӯдхонаи Сирдарё сохта шудааст, ҳазина мешавад.   

Бо иҷрои ин барнома, ки дар соли 2023 ба поён мерасад, зарфияти тавлиди барқ дар ин неругоҳ аз 126 мегавати феълӣ ба 174 мегават афзоиш хоҳад ёфт.   

Се ширкат аз Испания ,Фаронса ва Швейтсария таҷҳизоти неругоҳи обӣ барқии Қайроқумро бозсозӣ мекунанд.   

Бо такмили тарҳи бозсозии нерӯгоҳ, барқи сокинони шаҳри Хуҷанд- маркази устони Суғд ва навоҳии атрофи он таъмин мешавад.