Апрел 16, 2020 08:57 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси 4 фроксиюн дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Дар Маҷлиси нави намояндагони Тоҷикистон 4 фроксиюн таъсис шуд.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, 42 нафар аз аъзои Ҳизби ҳокими Халқи Демакрат фроксиюни ҳизбӣ таъсис карданд,ки бузургтарин гуруҳи парлумонӣ аст.

Теъдоди аъзои ин Ҳизб дар Маҷлиси нави намояндагон 47 нафар аст, ҳамчунин фраксиюни Ҳизби Кишоварзӣ бо 7 узви Ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам бо 5 узв дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар сабти ном карданд.

5 нафар аз намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон низ фроксиюни ғайри ҳизбӣ таъсис карданд.

Аз 63 курсии Маҷлиси нави намояндагони Тоҷикистон, 47 курсӣ ба Ҳизби ҳокими Халқи Демократ, 7 курсӣ ба Ҳизби Кишоварзӣ,5 курсӣ ба Ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ,2 курсӣ ба Ҳизби Камунист ва 2 курсӣ ба Ҳизбҳои Демакрат ва Сатсиалист таалуқ дорад.