Раҳмон: Афроди болои 65 сол бидуни зарурат набояд аз хона хориҷ шаванд
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз афроди болои 65 сол дархост кардааст, ки бидуни зарурат дар рӯзҳое, ки ҷаҳон бо коронавирус дар набард аст, аз хонаҳои худ хориҷ нашванд.
Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти муштараки маҷолиси қонунгузорӣ ва миллии кишвараш гуфтааст, ки бо вуҷуди мушоҳида нашудани ибтилои афрод ба коронавирус, бояд маҳдудиятҳои тавсияшуда аз сӯи пизишкон муроот гардад.
Вай таъкид кардааст, ки дар шароити ногувори ҷаҳонӣ дар роҳи муқобила бо густариши коронавирус, беҳтар аст ки афроди болои 65 сол дар Тоҷикистон бо мондан дар хона, умури хонаводаҳои худро мудирият кунанд ва дар ин замина ба улгу ва намунаи матлуб барои насли ҷавон табдил шаванд.