Дархости ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз вазорати тандурустӣ: тавзеҳ диҳед
18 созмони узви ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз мақомоти вазорати тандурустии ин кишвар дархост кардаанд, ки дар бораи авзои дармонӣ дар паи густариши вируси карона тавзеҳ диҳанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, дар баёнияе, ин ҷомеа аз мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар бораи мавриди итмонон будани китҳои ташхиси вируси каронаи сохти Россия ва Хитой ва чӣ гунагии ирсоли натиҷаи озмоизҳои анҷомшуда рӯи афроди машкук ба ин беморӣ ба Англия тавзеҳ диҳанд.
Мақомоти тандурустии кишвари Белоруссия таъкид кардаанд, ки танҳо 30 фоиз натиҷаҳои озмоиши китҳри ташхиси бемории карона сохти Россия саҳеҳ аст ва дар мавриди таҷҳизоти мушобеҳи хитоӣ ҳам ин пурсиш матраҳ аст. Оё китҳои ташхиси вируси карона сохти Россия ва Хитой мавриди тайиди Созмони беҳдошти ҷоҳонӣ аст ё на?
Ҳамчунин дар ин баёния пурсида шудааст, ки дар сурати қатъи парвозҳои хориҷӣ чӣ гуна натиҷаҳои озмоишҳои анҷомшуда дар Тоҷикистон рӯи афроди машкук ба вируси карона ба Англия ирсол хоҳад шуд..
Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд то рӯзи сешанбе 21 апрели ҷорӣ ҳеҷ мавриди мубтало шудани шаҳрвандони ин кишвар ба вируси карона мушоҳида нашудааст.
Аз аввали феврал то 21 апрел 8 ҳазору 212 нафар дар ин кишвар барои ташхиси бемории вируси карона карантин шадаанд, ки 7 ҳазору 129 нафар ба далели манфӣ будани натиҷаи озмоишҳо мураххас гардида ва бақия ҳамчунон таҳти назорати пизишкон мебошанд.