Апрел 22, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Бозбинии филми бозии ду тими футболи

Кумитаи доварии Федератсияи футболи Тоҷикистон филми бозии тимҳои "Хатлон" ва “Истиқлол”-и Душанберо бозбинӣ кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Федератсияи Футболи Тоҷикистон, Кумитаи доварони федератсия ҷаласае баргузор кард, ки дар ин ҷаласа шикояти бошгоҳи футболи "Хатлон" баррасӣ шуд.

Мудири бошгоҳи "Хатлон" дархост кард, филми бозии ин тим бо “Истиқлол”-и Душанбе, ки 20 апрел бо натиҷаи 2-2 ба поён расид, бозбинӣ ва баррасӣ шавад.

Мудирияти бошгоҳ, ба хусус дар бораи ихроҷи Умарҷон Шарифов, ҳофбаки тим дардақиқаи 80 ва таъйини зарбаи пеналти ба нафъи тими “Истиқлол” ба кумитаи доварон шикоят кард.

Кумитаи доварон пас аз баррасии филми бозӣ, тасмими довар барои эъломи зарбаи пеналти ба нафъи тими “Истиқлол”-ро дуруст ва ихроҷи ҳофбаки тими "Хатлон"-ро нодуруст арзёбӣ кард.

Пас аз ин ҷаласа, кумитаи доварон аз кумитаи инзиботии федератсия дархости ботил шудани корти сурхи Умарҷон Шарифов, ҳофбаки тими "Хатлон"-ро карданд.

Ҳамчунин Федератсияи футбол тасмим гирифт Насруллоҳ Кабиров, довари бозиро ба далели такрори иштибоҳоти доварӣ аз қазоват дар ду мусобқа маҳрум кунад.