Вуқӯи заминларза дар Бадахшони Тоҷикистон
Апрел 22, 2020 20:36 Asia/Dushanbe
Вуқӯи зилзила таъсире дар омодагии низомии пойгоҳи 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон надошт.
Ба гузориши “Спутник”, зилзилае ба бузургии 4.5 риштер, ки дар авоили субҳи чаҳоршанбе дар 300 километрии Душанбе рух дод, дар омодагии размии пойгоҳи низомии 201-и Русия бетаъсир буд.
Заминларза дар минтақаи Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон рух дод.
Пойгоҳи 201-и Русия - бузургтарин пойгоҳи бурунмарзии низомии ин кишвар аст, ки дар хоки Тоҷикистон қарор дорад.
Бар асоси тавофуқномаи имзошудаи мақомоти ду кишвар, дар октябри 2012 ин пойгоҳ то соли 2042 дар Тоҷикистон мустақар аст.