Апрел 22, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Боздиди нахуствазири Тоҷикистон аз бозсозии бузургроҳи Душанбе - Бохтар

Нахуствазири Тоҷикистон аз бозсозии бузургроҳи Душанбе - Бохтар боздид кард.

Ба гузориши “Спутник”, 107 миллиону 500 ҳазор доллар барои иҷрои марҳалаи аввал аз бозсозии бузургроҳи Душанбе – Бохтар ихтисос ёфтааст.

Дар ин боздид Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва теъдоде аз мақомоти маҳаллӣ низ нахуствазири Тоҷикистонро ҳамроҳӣ карданд.

Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ин боздид гуфт, бозсозӣ ва беҳсозии ҷодаи Душанбе - Бохтар аз октябри соли 2018 оғоз шуд ва паймонкори ҷода бояд кори беҳсозӣ ва ё эҳдоси қисмате аз масирро то пойизи 2021 ба поён бирасонад.

Вай афзуд, Ҷопон 31 миллион доллар барои бозсозии ҷодаҳо дар Тоҷикистон ихтисос додааст.

Нахуствазири Тоҷикистон гуфт, иҷрои ин тарҳ думарҳалаӣ аст, ки дар марҳалаи аввал 107 миллиону 500 ҳазор доллар барои иҷрои он ихтисос дода шуд.

Қоҳир Расулзода афзуд, аз ин мизон 90 миллион долларро Бонки Рушди Осиё ба унвони кумакҳазина пардохт ва 17 миллиону 500 ҳазор доллари боқимондаро Тоҷикистон пардохт кард.

Нахуствазири Тоҷикистон афзуд, қарор аст 2 ҳазору 200 дона ниҳол низ дар ҳошияи масир кошта шавад.